Skip to main content
DONISH.MEWR.TJ

“The development of science and education is considered the key to the progress of all sectors and the most important factor in ensuring the future stability of the state and prosperity of the society.“

President of the Republic of Tajikistan, Emomali Rahmon

Онлайн платформаи таълимии donish.mewr.tj

Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон онлайн-платформаи таълимии donish.mewr.tj — василаи муосири таълими фосилавӣ дар соҳаи захираҳои об ва гидроэнергетикаро ба кор андохтааст. Платформа дастрасӣ ба 8 модули махсуси таҳияшуда, ки ҷанбаҳои калидии идоракунии об, ҳуқуқ, мутобиқшавӣ ба иқлим ва кишоварзии устуворро дар бар мегирад, фароҳам меорад.

Мақсади платформа
Таъсиси курсҳои онлайнӣ ба баланд бардоштани иқтидори касбии мутахассисони соҳаи идоракунии захираҳои об ва соҳаҳои марбута, таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ, рушди дипломатияи об ва ҷорӣ намудани равишҳои муосир ба идоракунии устувори захираҳои табиӣ нигаронида шудааст.

Ҳар як курс чиро дар бар мегирад
• Барномаи таълимии сохторӣ (силлабус);
• Воситаҳои муфассали таълимӣ ва курси лексияҳо;
• Презентатсияҳо, маводҳои графикӣ ва захираҳои иловагӣ;
• Имконияти таълим дар формати қулайи онлайн.

Модулҳои дастрас:
1. Идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об
2. Ҳуқуқи байналмилалӣ ва миллӣ оид ба об
3. Ҳамкории минтақавии об дар дарёҳои фаромарзӣ ва дипломатияи об
4. Мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва идоракунии захираҳои об
5. Равиши Nexus: Об, Энергетика, Озуқаворӣ ва Амнияти экологӣ
6. Такмили зироаткории обёришаванда
7. Тақсимоти захираҳои об ва моделсозии гидрологӣ
8. Бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ

Ҳама мутахассисон ва донишҷӯёни ҳавасманд метавонанд дар як ё якчанд курсҳо сабти ном шуда, дар вақти муносиб омӯзиш гузаронанд ва донишҳои арзишмандеро, ки ҷавобгӯи чолишҳои муосир ва афзалиятҳои рушди устувор дар минтақа мебошанд, гиранд.

👉 Ба платформаи donish.mewr.tj ворид шавед ва аз имрӯз ба омӯзиш шурӯъ кунед!